БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э.РАҲМОН БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ИМА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли 2010 ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Барак Обама барқияи шодбош фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби мӯҳтарам, Президент, бо камоли қаноатмандӣ Шумо ва хамаи халқи бо мо дӯсти Амрикоро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик намуда, орзуҳои неки худро ба унвони шумо иброз медорам. Мо ба вазъияти имрӯза ва ҷараёни густариши муносибатҳои мутақобилан муфиди Тоҷикистону Амрико баҳои баланд медиҳем, ки ба ояндаи дурахшон равона карда шудааст. Имони комил дорам, ки рушди минбаъда ва вусъати соҳаҳои ҳамкорӣ ба манфиатҳои миллии ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ буда, омили муҳими дар амал татбиқ намудани ғояҳои демократия ва пешрафт дар минтақа ва ҷаҳон хоҳанд гашт. Тоҷикистон барои ин аз тамоми имкониятҳо самарабахш истифода хоҳад кард. Ҷаноби Президент, табрикоти самимонаи маро қабул фармоед, ба шумо саломатии комил, хушбахтӣ, рӯзгори фараҳмандона ва ба халқи мамлакататон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сардори давлат хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






