БАРКАНОРИИ СУДЯҲО АЗ ВАЗИФА
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — «Дар нимсолаи аввали соли равон судяҳои Суди Олӣ ба ҳайси суди марҳилаи якум 40 парвандаи ҷиноятиро нисбати 123 шахс баррасӣ намуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 8 парванда зиёд мебошад. Аз ин парвандаҳои баррасигардида 35 парванда нисбат ба 118 нафар бо баровардани хукми айбдоркунӣ, 2 парванда нисбат ба 2 нафар бо баргардонидан ба тафтишоти иловагӣ, 3 парванда нисбат ба 3 нафар бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта ва 1 парванда нисбат ба 1 нафар аз рӯи тобеияти судӣ ба судҳои поёнӣ ирсол карда шудааст»,- қайд кард муовини аввали Раиси Суди Олии ҶТ Анварҷон Юсупов дар нишасти матбуотие, ки 16 июли соли ҷори дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба гуфти А. Юсупов аз 118 маҳкумшуда дар ҳаққи 85 нафарашон чазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба 33 нафар ҷазои ҷарима, нисбат ба 3 нафар чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дошта ва нисбат ба 1 нафар ҷазои якумр аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст. Инчунин қайд гардид, ки Суди Олии ҶТ дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории мурофиавӣ ва талаботи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият намуда, дар давраи сипаригашта як қатор чорабиниҳоро ба сомон расонид. Ҳамчунон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» низ ҷиҳати саривақт ва ҳаллу фасл намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар шашмоҳаи сипаригашта ба Суди Олӣ 1 148 адад арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардиданд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 244 адад кам мебошад, — гуфт А. Юсупов. А. Юсупов қайд кард, ки дар нимсолаи гузашта собиқ судяи шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва собиқ судяи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз вазифа барканор шуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






