БАРНОМАИ КОМПЮТЕРКУНОНӢ ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?
Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алҳол мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо зиёда аз 28 ҳазор компютер ва беш аз 4 ҳазор принтер муҷаҳҳаз гардидаанд. Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар дар баробари компютер ва принтер, инчунин бо 1300 адад генераторҳои дизелӣ таъмин гардидаанд, ки дар вақти камчинии нерӯи барқ, хусусан дар мавсими зимистон аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Н. Нуралиев афзуд, ки «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010» таҳти назорати доимии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қарор дошта, баҳри амалӣ гардонидани он роҳбарияти Вазорат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Зеро таъмини муассисаҳои бахши маорифи кишвар, дастрасӣ ба шабакаи Интернет ва мукаммал намудани савияи ҷаҳонбинии толибилмону донишҷӯён бо дошнишҳои компютерӣ яке талаботҳои ҷомеаи муосир мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






