БЕҲРӮЗИЁН: «ТОҶИКИСТОН ДАР ЭРОН ШИНОХТА ШУДААСТ»
«Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 таъсис дода шуда, баъдан намояндагии он дар Душанбе бо ибтикори Сорои Харрозӣ, ки он вақт муовини вазири омӯзишу парвариши Эрон буд, ифтитоҳ карда шуд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири намояндагии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон Абдураҳим Беҳрӯзиён. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ рисолати худро ба ҳифзи забону фарҳанг ва тамаддуни форсӣ равона кардааст, мегӯяд ӯ. Баъди истиқлолияти Тоҷикистон байни Тоҷикистону Эрон равобити хуби ҳамкорӣ тавсиа ёфт. Ин ду миллат бо ҳамдигар наздик шуданд ва фарҳанги муштараки худашонро бештар шинохтанд. Ҳадафи фаъолияти Пажӯҳишгоҳ пеш аз ҳама ба пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва лаҳҷаву гӯишҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, таҳияи луғати муштарак, калимаҳои қадимае, ки дар забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар забони форсӣ аз байн рафтаанд, гӯишҳои мухталиф ва таҳияи фарҳанги вожаи тоҷикӣ, зарбулмасалҳо ва фарҳанги хоси тоҷикӣ равона гардидааст. Ҳадафи дигар инъикоси зарфиятҳои мавҷуда дар Тоҷикистон аст. Осори забоншиносон, луғатшиносон, адабиётшиносон ва муҳаққиқони тоҷикро дар шакли китоб ва ё дар маҷаллаи махсуси Пажӯҳишгоҳ, ки бо номи «Номаи Пажӯҳишгоҳ» (он фаслнома аст) нашр мешавад, омодаи чоп мекунем. Ин маҷалла ба сурати вежанома нашр мешавад, яъне ҳар як шумораи он ба як мавзӯи хос ихтисос дода мешавад. Мисол, олами синамо ё театр. Бо ин роҳ мо медонем, ки олами театр ё синамо дар Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дорад. Ё вазъи меъморӣ, ки аз Аврупо сарчашма гирифтааст ё аз Осиё. Ё дар соҳаи забоншиносӣ. Забоншиносони тоҷик чӣ корҳоро дар ин самт анҷом додаанд ва ғайра. Бо муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доред? Бале, умуман Пажӯҳишгоҳ ба сурати ғайрирасмӣ бо аксари равшанфикрони тоҷик, Иттифоқи нависандагон ва Академияи улум, институтҳои тобеи онҳо, китобхонаҳо ва соири марказҳои фарҳангӣ ҳамкорӣ дорад. Ва ба сурати расмӣ ҳам Пажӯҳишгоҳ намояндагиҳои худро дар баъзе муассисаҳои олӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ кардааст. Масалан, дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ толоре бо номи Рӯдакӣ дорем, ки дар он беш аз 30 ҳазор ҷилд китоб ба забони форсӣ нигоҳ дошта мешавад, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ низ чунин толорро дорем. Инчунин, утоқи матбуоти Эрон дар факултаи журналистика ва тарҷумонӣ ва филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд. Ҳамзамон, Китобхонаи Амири Кабир дар шаҳри Кӯлоб, дар маҳали Алҳудо, масҷиди Муҳаммади Башоро дар шаҳри Панҷакент, дар рустои Яхчи ноҳияи Нуробод, дар ноҳияи Масчоҳ ва Маркази эроншиносӣ дар пажӯҳишгоҳи Вазорати фарҳанг аз ҷониби пажӯҳишгоҳ бо китоб ва адабиёти гуногун таъмин гардидаанд. Тибқи ниёзи китобхонаҳо китоб ва адабиёт аз Эрон оварда шуданд ва ба китобхонаҳо тақсим карда мешаванд. Саҳми Пажӯҳишгоҳ дар чопи китобҳои шоиру нависандагони тоҷик чӣ гуна аст? Он корҳое, ки пажӯҳишгоҳ то ба имрӯз дар мавриди чопи китобҳои муҳаққиқони тоҷик анҷом додаст, нашри китобу асарҳои зиёиёни тоҷик аст. Девони шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор, ашъори шоирон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона ва дигарон бо ибтикори пажӯҳишгоҳ чоп шудаанд. Инчунин, таҳқиқ дар мавриди дигар шахсиятҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик низ чоп шудааст. Бояд зикр намоям, ки тамоми китобҳо ба сурати ройгон чоп мешаванд. Дар мавриди чопи китобҳо ба Шумо кӣ кӯмак мерасонад? Мо бевосита зери назари Сафорати Эрон дар Душанбе ҳастем. Аз ин рӯ, тамоми китобҳо бо кӯмаки Сафорати Эрон дар Душанбе чоп мешаванд. Пажӯҳишгоҳ дар мавриди ташаккул ва густариши хатти форсӣ дар Тоҷикистон кадом корҳоро ба сомон расонидааст? Дар заминаи густариши хати форсӣ сайю талош менамоем. Зеро хати форсӣ хати чандҳазорсолаи аҷдодони мо аст ва бояд онро ҳифз намоем ва ташаккул диҳем. Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? Чопи китобҳо ва осори таҳқиқии муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони тоҷикро дар нақша дорем, то битавонем бо саҳми худ ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистонро ҳар чӣ бештар ба мардуми Эрон муаррифӣ созем. Бахусус, аз хизмати сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст арзи сипос баён менамоем. Зеро зимни фаъолияти дипломатии онҳо равобити илмию фарҳангии ду кишвари форсизабон-Тоҷикистону Эрон хеле рушд кардааст. Худи сафир ба тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ хеле таваҷҷӯҳи хоса доранд, хусусан дар масъалаи чопи осори донишмандони тоҷик ва муаррифии онҳо ба ҷомеаи Эрон. Абдураҳим Беҳрӯзиён, Шумо ба сатҳи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон чӣ гуна баҳо медиҳед? Ба назари ман ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахши илму фарҳанг беш аз пеш густариш меёбад. Иштироки ҳайати беш аз 100 нафараи донишмандони тоҷик дар намоишгоҳи «Китоби Теҳрон», ки аввали моҳи майи соли равон дар Теҳрон баргузор шуд, шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар оянда умед дорем, ки мо битавонем дар заминаи фарҳанг хизмате ба мардуми Тоҷикистон дошта бошем. Солиёни зиёдест дар Тоҷикистон иқомат доред ва Тоҷикистон аз нигоҳи Шумо? Бале ман ҳудуди 8 сол ҳаст, ки дар Тоҷикистон қарор дорам ва як сол мешавад, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ -форсӣ фаъолият менамоям. Тоҷикистон сарзамини мардумони форсизабон ва фарҳангиён аст. Сарзамине, ки даҳҳо нобиғаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳониро ба камол расонидааст. Ҳар як эроние, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад, худашро дар ғурбат эҳсос намекунад. Ва шукри Яздони пок, ки имрӯз Тоҷикистон дар Эрон ҳамчун кишвари форсизабон ва дорои фарҳанги ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»