БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН

Июль 23, 2010 14:51

23 июли соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўро баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шўро ва лоиҳаҳои ду санади нав —  «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» баррасӣ шуд. Дар оғози ҷаласа роҳбарони се сохтори соҳибкории кишвар ба аъзогии Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қабул шуданд. Оид ба рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шўро Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов гузориш дода, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба кор шуруъ намудани “Равзанаи ягона” дар бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, содда шудани расмиёти муфлисэълондории корхонаҳо, беҳшавии сатҳи ҳимояи ҳуқуқии саҳмдорони минораторӣ ва осон шудани гирифтани иҷозатнома барои сохтмон аз натиҷаҳои асосии фаъолияти Шўрои машваратӣ арзёбӣ гардид. Дар баррасии «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  аъзои Шўрои машваратӣ, аз ҷумла роҳбарони як қатор сохторҳои соҳибкории кишвар  ва намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷониби нотиқон, аз ҷумла роҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкории кишвар ва  намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баҳои баланд доданд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ин раванд таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат дастур дод, ки баҳри тасдиқи ду санади мазкур қарорҳои дахлдор қабул намуда, барои татбиқи босамари онҳо чораҳои судбахш андешида шаванд. Дар охири ҷаласа рўзномаи кории ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасдиқ карда шуд, ки мавзўи асосии он “беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон” мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 23, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд