БЕКОРОН БО КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД
Хоруғ, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ВМКБ баробари ба кори доимӣ таъмин кардани ҷавонон, инчунин аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд. Яке аз чунин роҳҳо бо кори муваққатӣ, вале сердаромад таъмин кардани ҷавонон аст. Тавре сардори шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру навоҳии вилоят Муҳаммадкарим Назиров хабар дод, «Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 700 нафар ҷавонони бекор тибқи шартнома ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 қариб 100 нафар бештаранд». Ҷавонон асосан дар хоҷагиҳои ҷангалу об, манзилию коммуналӣ, идороти сохтмон ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба кор таъмин карда мешаванд, ки ҳаққи меҳнаташон 500-600 сомониро ташкил медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






