БОҒЧАИ МО, БОҒЧА НЕ ФАРОҒАТГОҲ
Душанбе, 21 июл (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Роҳбарият ва иттифоқи касабаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ба масъалаҳои иҷтимоии кормандони худ диққати ҷиддӣ медиҳад. Тарбияи насли наврас аз мадди назарҳо дур нест. Боғчаи "Кайҳон", ки як ҷузъи таркибии корхона ба ҳисоб меравад ба тарбияи 100 нафар фарзандони кормандони фурудгоҳ ва дигар шаҳрвандон мувофиқ гардонида шуда, бо тамоми таҷҳизот ва комплекси бозӣ ва истироҳат таъмин карда шудааст. Бинои боғчаи бачагон дар шаҳраки фурудгоҳи куҳна, дар ҷойи хушбоду ҳавои шаҳри Душанбе ҷойгир буда, гулзор карда шудааст. Умуман, кормандони соҳаи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ибтидо ба истироҳати худ ва фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳам ҷиҳати пурра ба таълим ва тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои ташкили хуби корӣ дар боғчаи «Кайҳон» шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар боғчаи бачагон дар қатори фарзандони кормандони фурудгоҳ дигар кӯдакон низ бо тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои тарбияи хуби кӯдакон мураббӣ -педагогҳои касбӣ ҷалб карда шуда, таълим ва тарбия аз рӯи барномаҳои таълимии барои кӯдакон пешбинишуда ба роҳ монда шудааст. Таълим дар боғча бо забони давлатӣ ва русӣ мегузарад. Ҳамзамон машқҳои Таэк-ван-до ва омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар як сол 210 рӯз кӯдакон вақти худро дар боғча мегузаронанд. Боғчаи мо боғча не «фароғатгоҳ», мегӯяд директори боғчаи бачагонаи 32 "Кайҳон" Зуҳро Раҷабова. Бо машқҳои гуногун, машқи мусиқӣ , расмкашӣ , дарсҳои таълимии оббозӣ фаро гирифтани кӯдакон саломатии онҳоро мустаҳкам намуда, шуурнокии бачагонро васеъ мегардонад. Дар боғча мусобиқаҳои гуногуни варзиш ва суруду мусиқавӣ, ҳамзамон барои баланд бардоштани шуурнокии бачагон дар шакли бозиҳои шавқовар тестҳои равонӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин, имрӯзҳо аз ҷониби падару модарон нисбат ба кори педагогҳо танҳо суханҳои нек шунидаем, изҳор дошт Зӯҳро Умаровна ва дар навбати худ барои ғамхории доим ба роҳбарияти КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" миннатдории худро баён кард.