БОЗОР СОБИР БА ВАТАН БАРМЕГАРДАД

Июль 16, 2010 15:36

Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир ба ватан бармегардад. Алҳол,  Бозор Собир дар  пойтахти Русия шаҳри Маскав қарор дорад. Шоири тоҷик, ки барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Абӯабдулло Рӯдакӣ мебошад, муддати 16 сол аст, ки дар шаҳри Сиэтли Амрико кору зиндагӣ дорад. Дар ин муддат охирин маротиба соли соли 2004 ба Тоҷикистон омада буд. Бозор Собир, ки яке аз шоирони маъруфи адабиёти муосири тоҷик аст, 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод таваллуд ёфта, баъди хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 1962 дар маҷаллаҳои «Маориф ва маданият» ва «Садои Шарқ» фаъолият кардааст. «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол»  аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

Июль 16, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад