ДАР ФАРХОР МУШКИЛОТИ ОМӮЗГОРОН ҲАЛ МЕШАВАД
Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов)-Ҳукумати ноҳияи Фархор мувофиқи нақшаи генералӣ 700 гектар замин ҷудо қардааст. Мувофиқи иттилои расмӣ дар мавриди аввал омӯзгорони ҷавону эҳтиёҷманд ба замин барои сохтмони манзили зист таъмин қарда мешаванд. Дар ҳамин маврид, Шамсиддин Сафаров, мудири маорифи ноҳияи Фархор гуфт, аз ин ҳисоб беш аз 200 гектар замин барои омӯзгорони ҷавон ва онҳое, қи солҳои тӯлони дар вазифаи омӯзгори кор карда ба манзил эҳтиёҷ доранд ҷудо қарда шудааст. То кунун ба гуфтаи ӯ , 300 нафар омӯзгорони эҳтиёҷманд барои гирифтани замин сабти ном шуда, ба идораҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ то оғози соли нави таҳсил шояд дар ҳудуди ноҳия ягон омӯзгори бе замин намонад. Бояд гуфт, чанд сол пеш Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба таври имтиёз додани замин ба омӯзгорони ҷавон ба имзо расида буд. Аммо ноҳияи Фархор ягона ноҳияест, дар минтақаи Кӯлоб, ки ҳоло тасмим дорад ин мушкилро ба пуррагӣ ҳал намояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






