ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ БИНОИ НАВИ СУД МЕСОЗАНД

Июль 14, 2010 17:29

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова). – Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтмони бинои Суд мувофиқи лоиҳаи нақшавӣ бо маблағи 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 12 июл Раиси Шӯрои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов хабар дод. Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи субҳи 2 январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ рухдода бинои суди ноҳия хисороти ҷиддӣ бардошт. Аз ин рӯ бо қарори раиси ноҳия аз 4 июни соли 2010 барои сохтмони бинои нави Суд қитъаи замин ҷудо гардид. З. Азизов зикр намуд, ки айни замон сохтмони бинои суди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон идома дорад, ки барои бунёди он тибқи нақша 911 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. То имрӯз ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд, ки 200 ҳазор сомонии он ба семоҳаи аввали соли ҷорӣ рост меояд.    

Июль 14, 2010 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд