ДИРЕКТОРИ НАВИ ГЕНЕРАЛИИ «СОМОН ЭЙР»

Июль 6, 2010 13:53

Душанбе,  6 июл. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна  Бойева). —  Бо  қарори  Шӯрои  директорони ширкати  ҳавонавардии  «Сомон Эйр» Фирӯз  Эшонқулов  директори  генералии  ширкати  мазкур  интихоб гардид. Ӯ қаблан  дар  вазифаи  муовини  директори генералии  ширкати  ҳавонавардии «Сомон Эйр» кор  мекард.  Ф.Эшонқулов  аз  соли  1978 то  соли  2009 дар  Корхонаи  воҳиди давлатии «Тоҷик  Эйр»  кор  кардааст. Фирӯз  Эшонқулов  10  январи   соли  1958  дар  Душанбе  таваллуд  шудааст. Ӯ  мутахассиси варзидаи соҳаи  нақлиёти  ҳавонавардӣ буда, инчунин мактаби  олиро   аз рӯи  ихтисоси  «иқтисодшинос»  хатм  кардааст.  

Июль 6, 2010 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд