ДИРЕКТОРИ НАВИ КВД «ЗАРЯ ВОСТОКА»
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар»).- 30 июли соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» Абдураҳим Расулов аз вазифа озод карда шуд. Бо қарори дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ Файзулло Маҳмудов директори корхонаи мазкур таъин гардид. Ёдовар мешавем, ки вакили собиқи Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Табошари вилояти Суғд Абдураҳим Расулов тӯли солҳои гузашта дар вазифаи раиси шаҳри Қайроқум кор мекард ва солҳои дар вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» (аз соли 2004 то моҳи майи соли 2010) кор карданаш бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 миллиону 716 ҳазору 598 сомониро аз они худ кардааст. Айни ҳол роҷеъ ба ин масъала нисбати Абдураҳим Расулов парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тафтиши он давом дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






