ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН УМЕДБАХШАНД
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар доираи анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон 19 июли соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо раиси комиссияи Покистонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва илму техника Салим Мандвивала баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар вохури ҷонибҳо бо назардошти ба сатҳи баланди сиёсӣ расидани муносибатҳои байни давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ тақвият мебахшанд. Инчунин, зикр гардид, ки созишномаи байни давлатӣ дар соҳаи ҷавонон дар доираи сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонида мерасад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






