Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти

Июль 5, 2010 09:42

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи хизматрасонии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон  сол аз сол зиёд мегардад. Соли ҷорӣ барои истифодаи имтиёзҳо вобаста ба муолиҷаи санаторию курортӣ, истифодаи  нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ, барои хизмати алоқа ва коммуналӣ (об, партовҳо, гармидиҳӣ), ҷубронпулӣ барои  иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил бар ивази роҳхатҳои гирифтанашуда, барои муолиҷаи санаторию курортӣ, инчунин нигоҳдории осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои маъюбон, хариди таҷҳизоти протезию ортопедӣ ба маблағи 69 млн.972 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи  ҷумҳурӣ  маблағ ҷудо карда шудааст, ки он аз амалӣ шудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 557 ҳазору 998 нафар нафақахӯрон, аз ҷумла беш аз 156 ҳазор маъюбон,ҳастанд,  ки 1747 нафарашонро  маъюбони ҶБВ ва 19 ҳазору 500 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Андозаи миёнаи нафақа аз рӯи синнусол то 1 –уми июн 92,04 сомонӣ ва аз рӯи маъюбӣ 128,57 сомониро ташкил дод.

Июль 5, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад