Э. РАҲМОН ДАР ОСТОНА

Июль 6, 2010 07:43

5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии  Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуд. Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Баррасии роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили фаъол намудани Иттиҳоди гумрукии Беларус, Русия ва Қазоқистон аз мавзўъҳои асосии ҷаласа буданд. Аз рўйи натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо қабул карда шуданд. Яке аз қарорҳои муҳим барои Тоҷикистон розигии сарони давлатҳо ба ҷудо намудани 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз ҳисоби Хазинаи зиддибўҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  аст, ки барои дастгирии иқтисодиёти кишвари мо дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Зимни нишасти матбуотии сарони давлатҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои ҳамоиши навбатӣ ва қарорҳои қабулшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар доираи ин созмон ҳавасманд аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 6, 2010 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад