ФУР&#1262ДГО&#1202И БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БА БУ&#1206ЕТИ &#1206УМ&#1202УР&#1250 4,8 ФОИДА ОВАРД

Июль 23, 2010 12:06

Душанбе, 23 июл (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» ба амал бароварда мешаванд, , хабар дод  дар нишасти матбуотии бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи соли ҷорӣ директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  Рустам Холиқов.        Ӯ қайд кард, ки дар фаъолияти КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» риштаи молиявию хоҷагӣ ҷанбаи басо муҳим ба шумор меравад. Маълумотҳои фаврии давраи ҳисобот нишон медиҳанд, ки фоидаи умумии фурудго дар ин давра 15,8 млн. сомониро ташкил дод. Ба буҷети ҷумҳурӣ дар ин давра 4,8 млн. сомонӣ гузаронида шуд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 129,367 нафар мусофири парвозкарда ва 87,356 нафар мусофири омада хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурӯдгоҳ 563т. 340 кг.-ро ташкил дод, ба 1710 рейсҳои доимию чартерӣ ва боркашонӣ хизмат расонида шуд. Бо суръати умум аз рӯи моҳҳо тамоили чи болоравӣ  ва чи камшавии ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо ба назар мерасад. Сабаби пеш аз ҳама таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳамаи намудҳои боркашонӣ, камшавии талабот ба муҳоҷирини меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва хориҷаи наздик, инчунин суръати паст ва дар баъзе ҳолатҳо коҳиш дидани рушди  иҷтимоӣ -иқтисодии мамлакатҳое мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ҳавоӣ доранд.  

Июль 23, 2010 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад