ИДОМАИ БУНЁДИ ИНШООТИ МАЪМУРИЮ МАИШӢ ДАР ДАРВОЗ
Душанбе, 8июл. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои телефонии роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз, дар асоси тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми сею ним соли охир дар ин ноҳия бо сарфи 35 млн. сомонӣ ва сармояи хориҷӣ 65 иншооти хурду бузурги дорои ахамияти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифтааст. То моҳи июли соли ҷорӣ 54 адад иншоот ба истифода дода шудааст. Дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузор қариб 12 млн. сомонӣ азхуд гардида, 2 мактаб, бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ, қасри фарҳанг, шабакаҳои обёрии мавзеъҳои Ёгед, Кеврон ва Дашти Мазор таъмир ва азнавсозӣ гардиданд. Айни замон дар ноҳия сохтмони як қатор иншооти маъмуриву маишӣ ва таъиноти кишоварзӣ давом дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






