ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО ДАР “АМОНАТБОНК”

Июль 16, 2010 16:50

Душанбе,16 июл.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Сардори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Гулнора Кенҷаева зимни нишасти матбуотӣ дар гузориши хеш афзуд,ки дар нимсолаи аввали соли 2010 сармояи умумии бонк то 1 июл маблағи 119 млн.сомониро ташкил дода,нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9 фоиз зиёд гардид. Ба суратҳисоби транзитии буҷети давлат дар ҳаҷми 518  млн.сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 288  млн.сомонӣ ворид гардида,тавассути филиалҳои бонк ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 19,3 фоиз зиёд аст. Чуноне  ки Гулнора Кенҷаева дар нишаст иброз дошт,дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 24 адад банкоматҳо ва 15 адад нуқтаҳои пардохти пули нақд  насбу ба кор дароварда шуд. Аз 1 июли соли равон шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта афзуда,ба 2739 нафар расидааст. Имрӯзҳо  бонк дар маҷмӯъ бо 11 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ  дошта,дар ҳамаи филиалҳои бонкҳо интиқоли маблағҳо ба роҳ монда шудааст.Дар филиали бонк   122 нуқтаи интиқол бо 1135 адад калидҳои дастёб амал мекунанд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ лоиҳаи нави Созишномаи хати қарзӣ ба малағи 5 млн доллари .ИМА барои дастгирии соҳаи савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳузури роҳбарони ҳарду бонкҳо дар шаҳри Пекин ба имзо расонида шуд.Аз моҳи июли соли ҷорӣ барои амалӣ гаштани хати қарзӣ дар ҳаҷми 1 млн.юани хитойӣ корҳои омодагӣ рафта истодааст.

Июль 16, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад