КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН

Июль 30, 2010 16:35

Душанбе, 30 июл.(АМИТ « Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин мамлакат ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ миқдори зиёди сару либос ва маводи ғизоӣ, инчунин ба воситаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, бо мошинҳои боркаш аз вилоятҳои Бадахшон ва Суғд 100 тонна орд, 30 тонна биринҷ, 10 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 10.000 литр равғани растанӣ ва 10.235 литр сузишвории дизелӣ фиристод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қарори расонидани кӯмак ба Қазоқистон 14 июни соли равон зимни мулоқоти намояндагони махсуси давлатҳои аъзои СААД дар Маскав қабул шуда буд. Дигар давлатҳои аъзо низ мувофиқи қарори мазкур ба Қирғизистон кӯмак расонида буданд.         

Июль 30, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд