КАФОЛАТИ «ФОКУС» ДАР БЕХАТАРИИ ҲАЁТИ ШАҲРВАНДОН

Июль 13, 2010 11:21

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати созмони байналмилалии «Фокус» эҳтирому эътимоди мардум зиёд аст. Тавассути ин созмон дар даҳҳо деҳаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мардум бо оби софи ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Соли ҷорӣ тавассути ин созмон дар 81 деҳаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгоҳҳои алоқаи «Кодан» насб када шудааст. Ҳар яке аз ин  дастгоҳҳо  16 ҳазор  сомонӣ арзиш дорад ва пеш аз насб кардани он дар манзилҳои истиқоматӣ ба ҳар як аъзои оила тарзи истифодаи он омӯзонида шуда,   ҳар як аъзои оила  бо ин дастгоҳи мухобиротӣ таъмин мегардад. Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои табиӣ: обхезӣ, сӯхтор. заминҷунбӣ, ярч, тарма, сел ва дигар ҳодисаҳо шаҳрвандони омӯзонидашуда тавассути ин дастгоҳ ба кормандони ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру навоҳӣ  хабар медиҳанд. Дастгоҳи алоқаи радиоии «Кодан» баъди ба истифода додан ба мувозинаи ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супорида мешавад. Бино ба гуфти танзимгари ин дастгоҳ А. Ғиёсов, дастгоҳи мавҷи радиоидоштаи «Кодан» бо мақсади кам кардани осебпазирии аҳолӣ аз ҳодисаҳои табиӣ ба мардум  хизмат мерасонад. 

Июль 13, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад