КАНАЛИ «ШАКОВ – РАЗЗОҚ» АЗ НАВ БАРҚАРОР ШУД
Тавилдара, 14 июл. ( АМИТ « Ховар», М. Ризвонов»). — Боронҳои пай дар паи соли равон ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тавилдара зарари зиёд расониданд . Дар ин қатор канали «Шаков- Раззоқ»,ки 12 километр дарозӣ дошта, зиёда аз 220 гектар заминро обёрӣ мекард , қисман вайрон шуд . Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии оби ноҳия (роҳбараш Талбӣ Ғозиёв ) ва аҳли деҳаҳои Шаков , Раззоқ , Чилдара дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ ин канал барқарор карда шуд ,ки дар мавсими нигоҳубини зироатҳои кишоварзӣ мушкилоти мардумро осон гардонид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






