КАШФИ 14 ДАЛЕЛИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Июль 21, 2010 13:51

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони милитсия 14 далели гирифтани пора ба қайд гирифта шуд, — гуфт Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров дар нишасти матбуотие, ки 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Инчунин А.Қаҳҳоров қайд намуд, ки дар нимсолаи авали соли 2010 дар ҷумҳурӣ 6 ҳазору 453 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 353 ҳолат кам мебошад. Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 413 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад. Аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна 299 кг 808 гр моддаҳои нашъаовар мусодира карда шуд, ки аз он 348 кг 067 гр героин ташкил медиҳад. Ҳамчунин 761 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 121 адад автомат, 93 адад таппонча, 151 адад камонҳо ва карабин, 65 адад дигар намуди яроқи рахпеч, 302 адад яроқҳои суфтамил, 29 адад кордҳо ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Дар масъалаи бе ному нишон гум шудани ноболиғон А. Қаҳҳоров қайд кард, ки аз тарафи 608 волидайн ба мақомоти дахлдор аризаҳо ворид шуданд. Дар нимсолаи аввал 105 нафар ноболиғ гум шуда, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони вазорати мазкур 84 нафар ноболиғ ёфта шуда ба волидайни онҳо баргардонда шуд. Айни замон 21 нафар ноболиғ дар кофтуков мебошанд. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 674 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуданд, ки бар асари онҳо 162 нафар ба ҳалокат расида 746 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун гирифтанд.                  

Июль 21, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд