КИШТИ ТАКРОРӢ
Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ Ховар, Сулаймон Холов). — Таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ аз умдатарин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва василаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин аз ҷониби масъулини соаи кишоварзӣ паи татбиқи амалии барномаҳои гуногунсамти давлатӣ ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ, кишти зироату полезиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ тадбирои судманд роҳандозӣ карда шаванд ҳам, таи солҳои охир вазъи кишти такрорӣ дар аксари ноҳияҳои аграрии мамлакат чандон қаноатбахш нест. Соли 2009-ум дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебоист дар 14 ҳазору 308 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, аммо дар 6 ҳазору 211 га кишт гузаронида шуд, ки ҳамагӣ 43 фисади нақшаро ташкил дод. Соли равон бошад ин нишондод ба 60 фисад, яъне аз 27 ҳазору 731 гектари дар нақша пешбинишуда, дар 16 ҳазору 875 га кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба амин давраи соли гузашта 13 ҳазору 423 гектар зиёд бошад ҳам, ҳануз нокифоя аст. Сабаби дар мӯлатои муайяншуда иҷро нагардидани нақшаи кишти такрориро сардори раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб дар номусоид омадани обу ҳавои имсола, истифодаи нодурусти заминои обӣ маънидод намуд. Ба гуфти масъулини раёсат бештар барои кишти такрорӣ пахта ва лубиёгиҳо интихоб карда мешаванд, ки боронҳои давомдори баҳору тобистон суръати кишти ин масҳулотро коиш дод. Фақат дар якчанд қитъаи заминҳои хоҷагии Хатлони ноҳияи Кӯлоб мавсими имсола такроран пахта кишт карда шуд, вале баъди омадани сел ин мавзеъҳо ба сангоб мубаддал гардиданд. Бобати кишти зироат то 1 август бошад, масъулин андеша доранд, ки дар қитъаои замин фақат кишти мош ва наск имкон дораду халос, имконияти то охири фасли тирамоҳ ҳосил додани дигар зироатҳо хеле мадуд аст. Илова бар ин дар баъзе ноияо аз заминои корам амагӣ як бор осил рӯёнида шуда, дигар аз фориғболии масъулини соҳаи кишоварзӣ ва беҳавсалагии худи аҳли заҳмат ин қитъаҳои замин ба чарогоҳ мубаддал мегарданду анқариб 3-4 моҳ бекор мемонанд. Чунин ҳолати ҳузновар дар канори шорои Кӯлоб — Душанбе, ки ин ҷо хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯлоб ва Восеъ мавқеъ гирифтаанд, рӯи навор омадааст. Ин ҷо мутасадини соҳаи кишоварзӣ наметавонад баҳона пеш оранд, ки ин ҳодиса натиҷаи обёрӣ нагардидани заминҳост, зеро бинобар иттилои масъулини идораи хоҷагии оби минтақаи Кӯлоб соли равон бо дастгирии ҲҶТ дар ноҳияҳои Кӯлоб ва Восеъ пойгаҳҳои обкашӣ дар ҳолати хуби кори карор дода шуда, дар нохияи Фархор 3 пойгахи обкаши азнавсози гардиданд. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз нақшаи кишти такрорӣ дар ноҳияи Кӯлоб 60 фоиз, ноҳияи Восеъ 70 %, Фархор 81%, Мӯъминобод 93%, Темурмалик 76 %-ро ташкил медихад. Аммо деҳконони соҳибтаҷрибаи хоҷагии сабзи ноҳияи Кӯлоб ва кооперативии истеҳсолии Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ бар он назаранд, ки шароит ва иқлими минтақа барои кишти такрории аксар зироатҳои лубиёгӣ, шолию сабзавот ва пахта хеле мувофиқ аст. Ҳаминак, мӯҳлати ниҳоии кишти такрорӣ то 1 август муайян гардидаву фақат вақт нишон медиҳад, ки ҳосил аз кишт чи гуна хоҳад буд.