КУМИТАИ ЗАНОН СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИИ ХУДРО ТАЪСИС ДОД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи интернетӣ (www.kumitaizanon.tj) ва рӯзномаи электронии «Ҷаҳонафрӯз»-ро таъсис дод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини раиси Кумитаи мазкур Қиматгул Алибердиева иттилоъ дод, дар сомонаи мазкур Қонунҳо, Қарорҳо ва Фармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтанд. Инчунин, дар сомона оид ба ҳаёт ва фаъолияти занони барӯманд ва собиқадори тоҷик сӯҳбату мақолаҳо дарҷ гардиданд. Ҳамзамон хабарҳои наву тоза оид ба фаъолияти ҳамарӯзаи бонувон ҷой дода шуда аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






