М АСРОРӢ: «ДӮСТИИ ҲАРДУ КИШВАРРО БОЗ ҲАМ ҚАВИТАР НАМОЕМ»
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 12 июл Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Исфандиёр Раҳими Машоиро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд намуд, ки тавассути ба роҳ андохтани равобити дуҷонибаи фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дўстии мардумони ҳарду кишварро боз қавитар намоем. Масоиле мавҷуданд, ки дар оянда ҳангоми пиёда намудани муносибати ҳасана ва зимни татбиқи барномаҳои муштараки ҳамкориҳо ба таваҷҷӯҳи бештар ниёз доранд. Алалхусус, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар ин кишвар ва ташкил намудани як намоишгоҳи китоб дар Тоҷикистон. Вазири фарҳанги Тоҷикистон оиди сохтмони ду маркази бузурги фарҳангӣ, яке Осорхонаи миллӣ ва дигаре Китобхонаи миллӣ, ки ба талаботи имрўза ҷавобгў аст, маьлумот дод. Зимни суханронии хеш Исфандиёр Раҳими Машоӣ иброз дошт, ки ў худро дар ин кишвари ҳамзабон бегона ҳис намекунад. Меҳмони олиқадри эронӣ оиди дурнамои рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дўсту ҳамзабон сухан гуфта , фарҳангро ҷузъи муҳимтарини равобити байни Эрону Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дўстона гузашт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






