МАҚОЛА Ё БӮҲТОННОМА ?!

Июль 30, 2010 16:38

Чанде ќабл «Радиои озодї» дар сайти интернетии худ маќолае ба чоп расонид, ки саршор аз бўњтон, сиёњкунї ва даъвоњои беасоси иѓвоангез нисбати Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон мебошад. Бешак ин маќола ба ќалами шахсе мутаалиќ аст, ки ё хусумати шахсї нисбати Тољикистон, ё Сафорати ин кишвар, ё корманди алоњидаи онро дар ќалби тираю сиёњи худ љо кардааст. Вагарна он далелњое, ки номбурда дар маќола овардааст, пояе надоранд ва дасисае беш нестанд. «Радиои озодї» дар маќола аз номи кадом як «Муњаммад Ёсин», ки бешак вуљуди воќеї дар табиат надорад, шаъну эътибори Сафорати як кишвари соњибистиќлолро дар хориља паст заданї мешавад. Аз рўи ин маќола собит мегардад, ки дар «Радиои озодї» оиди вазъу шароити додану гирифтани раводид ба шањрвандони Афѓонистон тасаввуроте надоранд. Зеро агар медонистанд, њељ гоњ чунин бўњтонномаеро иншо намекарданд. Дар Афѓонистон дастрас намудани раводиди сафар на танњо ба Тољикистон, балки ба тамоми кишварњои дунё  бо мушкилоти бешумор рў ба рўст, зеро аксарияти мардуми афѓон вобаста ба вазъи сиёсї-дохилии кишвар њамеша фикри тарки њудуди онро доранд. Аз љониби дигар,  намояндагињои дипломатии кишварњои хориљї бо маќсади таъмини амнияти кишвари худ ва пешгирии воридшавии афроди шубњаноку ѓараздор ба ќаламравашон, аз додани раводид ба њар як хоњишманд худдорї мекунанд. Ин омилњо дар якљоягї  мушкили додани раводидро ба сокинони Афѓонистон пеш овардаанд ва њамзамон ба ташкилшавии  «бозори сиёњи раводид» ва пайдошавии афроди ба истилоњ «камишанкор», яъне миёнаравњо аз њисоби сокинони мањаллї боис шудаанд. Ин гурўњ, бо фиребу найранг шахсони алоњидаро гўл зада (гўё дар сафоратњо шинос доранд) маблаѓи зиёдеро бањри гирифтани раводид аз онњо гирифта, оќибат онњоро фиреб медињанд. Боз таъкид мекунем, ки ин ашхос дар назди тамоми сафоратњои кишварњои хориљї дар шањри Кобул гаштугузор доранд ва њамеша ба фиребу найранг машѓуланд. Муаллифони маќола сањл будани гирифтани раводиди Љумњурии Узбекистонро мисол меоранд, њол он ки барои афѓонњо дарёфти раводидњои  кишварњои Аврупо, Туркманистон, Ќазоќистон, Узбекистон амали сахттарин буда, љои баъдиро дар ин радиф, дастрасї ба раводиди ЉИЭ, Њиндустон ва кишварњои арабї мегирад. Ба теъдоди зиёди хоњишмандони раводид гирифтани он муяссар намегардад ва дар натиља сухану овозањои зиёди тўњматомез пайдо мешаванд ва майдони «љавлони» сиёњдилони бадѓаразро бањри рехтани борони тўњмати бофта бар сари шахсони масъулу зањматкаш, идора ва намояндагињои мўътабару муаззами як кишвар дар дохил ё хориљи он васеъ  мекунад, ки як мисоли даќиќаш ин маќолаи «Радиои озодї» мебошад. Дар маќола омадааст, ки гўё њамарўза дар назди сафорати Тољикистон мардуми зиёде љамъ меоянд, ки дурўѓи мањз аст.  Сафорат рељаи кории аниќ дорад, ки тибќи он рўзи якшанбе — ќабули умумї, рўзи сешанбе – ќабули намояндагони созмонњои байналмилалї ва сафоратхонањои муќими шањри Кобул ва  рўзи панљшанбе — ќабули мурољиаткунандагон муайян шудааст. Ѓайр аз ин, эњтироми комили мурољеин аз љониби кормандони сафорат риоя мегардад ва њамеша дар навбати аввал занону калонсолон ва баъдан касони тибќи даъватнома њозиршуда пазируфта мешаванд. Њамзамон бояд хотирнишон шавем, ки Консулгарии Сафорати ЉТ дар шањри Кобул, яке аз оромтарин ва камодамтарин консулгарињост. Зеро аз замони кушодашавии Консулгарии Сафорати ЉТ дар шањрњои Мазори Шариф, Файзобод ва Ќундуз, аксари корафтодагони сокини ин вилоятњо масоили худро вобаста бо раводид дар њамон љо њаллу фасл менамоянд. Ба Консулгарии Сафорати ЉТ дар шањри Кобул бошад,  рўзе 5-6 нафар ва ё њадди аксар то 10 нафар мурољиат мекунанду халос. Ба аксарияти онњо, агар санадњояшон љавобгўи  ќоидањои додани раводид бошад, дар давоми як рўз раводид дода мешавад. Дар њаќиќат, аз 10 май то моњи июли соли љорї, бо сабаби пешгирии амрози сирояткунанда  ва фалаљи атфол, мувофиќи тасмими расмии маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон, дар додани раводид мањдудият љорї карда шуда буд. Бо вуљуди ин ба шахсоне, ки даъватномаи расмї доштанд, ё ба сафари корию расмї ба Тољикистон бояд мерафтанд, бемамониат раводид дода мешуд. Иќдоми мазкур низ боиси пайдоиши  чунин суханони бўњтонмазмун ва тавњиномези «Радиои озодї» ва њамандешагони онњо  гардид. Мутаассифона, чунин њолатњое низ зиёданд, ки аксарияти мурољиаткунандагон, шањрвандони кишвари бародари Афѓонистон шиноснома ва холномаи худро пешнињод намуда «як лутфи бародарї кунед» — гўён, додани раводидро хоњиш мекунанд. Њол он, ки 19 навъи раводид мављуд аст ва мувофиќи њар кадоми он  бояд санади мувофиќ пешнињод гардад. Кормандони сафорат ба њар як мурољиаткунанда масъалаи мазкурро гашта баргашта мефањмонанд, вале бештари онњо ё дарк намекунанд, ё дарк кардан намехоњанд. Дар маводи «Радиои озодї» омадааст, ки гўё дар дўконњои пањлӯи сафорати ЉТ дар шањри Кобул раводид медодаанд. Куљост адлу инсоф эй «бародари» тўњматсаро? Наход корманди масъули як сафорати мўътабару мўътамад, ба ивази чанд пайсаи пуччак шаъну эътибори худ ва кишварашро зери по мегузорад?.  Ё дигаронро мисли худ гумон кардаед?! Мо њам маълумот дорем, ки Мухаммадёсинњо ва амсолони онњо, њатто мардумро ба дигар кишварњо бурда дар њамон љо раводид мегиранд. Дар чанд маѓозањои шањри Кобул эълонњои гирифтани раводиди сайёњї  насб шудааст. Вале ба ягонтои онњо аз консулгарии сафорати ЉТ раводид дода нашудааст ва дода нахоњад шуд. Аз агентињои сайёњии шањри Кобул низ, њељ гоњ барои раводид ба мо мурољиат накардаанд. Дар давоми шаш моњи охир,  се намоишгоњи утоќњои тиљорат баргузор гардид, ки дар давоми се рўз вобаста ба њар як намоишгоњ зиёда аз 350 нафар соњиби раводид шуд. Инчунин ба зиёда аз 150 нафар афсарони нињодњои ќудратии кишвар тибќи даъватномањои САЊА(ОБСЕ), ФАО СММ(ООН) ба 250 нафар кормандони соњаи тандурустї, ки ба шањри Душанбе барои тањсил ва таљрибаомўзї рафтанд, раводид дода шудааст. Касоне, ки санадњояшонро тибќи муќаррароти сиёсати раводидии Тољикистон пешнињод менамоянд, дар мўњлати муайяншуда бо раводид таъмин карда мешаванд. Бори дигар таъкид месозем, ки маќолаи «Радиои озодї» нуќта ба нуќта муѓризона буда, саросар бўњтону тўњмат аст. Тибќи он, дили касе гўё ба обрўю эътибори дипломатияи тољик месўхтааст, вале дар асл ин афрод бо истифода аз имкониятњои ба ном «озодона ва демократии» «Радиои озодї» абри тўњмату бўњтонро ба сари намояндагии дипломатии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон кашиданианд ва бо ин роњ ду маќсадро пайгирї доранд. Якум паст задани имиљи сиёсии Сафорати ЉТ дар байни дигар намояндагињои дипломатии хориљї дар Афѓонистон ва дуввум сиёњ намудани шахсияту њайсияти кормандони Сафоратхонаи мазкур.   Носиров Одил           

Июль 30, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 39 дараҷа мерасад
Волейбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати тиҷоратӣ дастгирӣ ёфт
4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
1 август дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ мешавад
Ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
1 август дар якчанд кумитаю муассиса нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад