МАҶАЛЛАИ НАВ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР

Июль 28, 2010 10:26

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар фазои иттилоотию фарҳангии кишварамон боз як падидаи нав зуҳур кард. Ба ифтихори Соли маориф ва фарҳанги техникӣ маҷаллаи нави илмию таҳлилии «Паёми пажӯҳишгоҳ» аз чоп баромад. Муассиси он Пажӯҳишгоҳи  рушди маорифи  Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон буда, дар нашриёти «Контраст» -и Душанбе бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Назар ба иттилои доктори илмҳои педагогӣ, котиби масъули маҷалла  Сафар Сулаймонӣ  «Паёми пажӯҳишгоҳ» ба унвони маҷаллаи комилан тахассусӣ ва илмӣ чоп шуда, ҳайати эҷодии он сайъ намудаанд, ки  дар маҷалла масъалаҳои педагогӣ, шинохт, баррасӣ ва таҳлили андешаҳоро ҷо диҳанд. Дар маҷалла мақолаҳои соҳибназарони соҳаи педагогика, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва дигар илмҳо гирд оварда шудаанд. Ҳусусан, мақолаҳои илмии унвонҷӯён ва олимони ҷавони кишварҳои форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон -Муҳаммадалӣ Афғонов, Файзулло Шарифзода, Бибиҳафиза Маҷидова, Мадина Бобоева, Сайфиддин Камолзода, Қизларгул Худойқулова, Ақлимо Шозиёева, Алишер Алиев, Алии Марвӣ, Муҳаммадшарифи Шарифӣ, Ҷаводи Тоҳирӣ, Салоҳуддин Амонӣ, Маҷид Маҳмуди Музаффар, Митро Рӯҳии Деҳкурдӣ, Зӯҳра Мирсипосӣ  ва Алии Алиакбар, ки ба масъалаҳои гуногуни илмию педагогӣ, мероси педагогӣ, этнопедагогика, равоншиносии педагогӣ,  фарҳангшиносӣ  ва ва фаъолиятҳои китобдорӣ, иттилоърасонӣ, педагогикаи таҳсилоти олӣ ва равобити фарҳангӣ бахшида шудаанд, дар маҷалла ҷо дода шудаанд. Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ,  русӣ ва англисӣ нашр мешавад. 

Июль 28, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд