МАҶЛИСИ КОМИССИЯ
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2009 ва нимсолаи аввали соли 2010 ҷамъбаст карда шуданд. Таъкид гардид, ки Комиссия ҳамроҳи вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 як қатор тадбирҳоро анҷом додааст. Айни замон заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии мубориза ба муқобили чунин ҷиноятҳо фароҳам оварда шуда, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ шӯъбаи махсуси мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон фаъолият дорад. Дар ҷаласа доир ба назорати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва оид ба ҳолати мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои ошкор шуда, корҳои ҷиноятии оғозгардида, шумораи ҷабрдидагон ва дигар чораҳои дар ин самт андешидашуда гузориши шахсони масъул шунида, масъалаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани роҳу воситаҳои расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба парлумони мамлакат вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карда буд, ки то моҳи декабри соли 2010 Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 таҳия карда шавад. Дар маҷлис зикр шуд, ки таҳияи барномаи мазкур дар мӯҳлати муқарраршуда ба охир мерасад ва баъдан ба баррасии ҳукумат пешниҳод карда хоҳад шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






