МАБЛАҒҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ СОҲАИ МАОРИФИ СУҒД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо қарори раиси вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии соҳаи маорифи вилоят дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидани мактаби нави шаҳраки Дӯстии ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи Б.Ғафуров аз ҳисоби буҷети вилоят 61 500 сомонӣ ҷудо гардид. Мавриди зикр аст, ки солҳои қабл дар ин мавзеъ филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 фаъолият дошт, ки он аз бинои асосии мактаб дар масофаи 5 километр ҷойгир буд. Аз оғози соли хониши нав 320 нафар хонандагони синфҳои 1-11, дар ду баст, дар ин мактаби нав таҳсил хоҳанд намуд. Ҳамчунин бо мақсади таҷҳизонидан ва таъмиру тармими бинои мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳияи Мастчоҳ аз ҳисоби маблағҳои соҳаи маорифи буҷети вилоят 15 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






