МАРГИ ВЕЛОСИПЕДРОНИ НОБОЛИҒ

Июль 13, 2010 16:10

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Санаи 12 июли соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» —  шаҳрванд Бобоев Фирдавс, соли таваллудаш  1990, истиқоматкунандаи ҷамоати Д. Холматови вилояти Суғд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Сомгор-Хуҷанд қоидаи бехатарии роҳро риоя накарда, велосипедрони ноболиғ Қосимов Фаррухҷон, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ҷамоати Х. Усмони вилояти Суғд, хонандаи синфи 7 — ро зада аз пой меафтонад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа ноболиғ Қосимов Ф. аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии вилояти Суғд ба ҳалокат меравад.  

Июль 13, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад