МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО МУНШИИ СКИ
Душанбе 20 июл. ( АМИТ « Ховар»). 19 июли соли 2010 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муншии умумии Созмони конфронси исломӣ-профессор Экмолиддин Эҳсонуғлӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба вазъияти минбаъда, барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва нақши Тоҷикистон дар ин бобат, роҳҳои таъмини амнияти Қирғизистон, ҳамчунин барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СКИ барои Осиёи Марказиро муҳокима намуданд. Инчунин ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо-аъзои Созмони конфронси исломӣ ва аҳамияти Конфронси байналмилалӣ дар масъалаи Афғонистон, ки 20 июли соли 2010 дар Кобул ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






