МУЛОҚОТИ БОНКДОРОН ДОИР БА ҲАМКОРӢ
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов, дар семинаре, ки бо ибтикори Бонки давлатии «Амонатбонк» доир гардид, намояндагони Бонки давлатии «Рушди Чин» ширкат варзида, дар ҳама самт ҳамкориҳои ҳасана доштани худро бо қаноатмандӣ изҳор намуданд. Дар ин семинари дурӯза бонкдорони тоҷику чинӣ аз бурду бохти ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мавзӯи «Нақши сармоягузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна» гуфтушуниди судмандро анҷом доданд. Дар кори семинар муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикстон Ҷамшед Юсуфиён ширкат намуда, оид ба ҳамкориҳои сифатан нави Тоҷикистону Чин сухан кард.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






