МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Р.ОТУНБОЕВА
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷараёни иштирокаш дар маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар шаҳри Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот кард. Сардори давлати Тоҷикистон Роза Отунбоеваро ба муносибати бомуваффақият гузаронидани ҳамапурсӣ табрик намуда, ба халқи қирғиз сулҳу ободӣ ва шукуфоӣ орзу намуд. Сипас мусоҳибон роҳҳои минбаъдаи равнақу ривоҷи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Онҳо инчунин роҷеъ ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ табодули назар намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






