МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Р. ОТУНБОЕВА
5 июли соли 2010 дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар давраи гузариш Роза Отунбоева мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории ду кишвар ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст барои таҳкими амнияту субот дар Қирғизистони ҳамсоя дасти кўмак дароз намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






