МУЛОҚОТИ КОРШИНОСОН ДАР ВЕНА
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшоди Ҷонмард). — 8 – 9 июли соли равон дар Вена бахшида ба тақвияти тадбирҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва пурзӯр намудани назорати муомилоти моддаҳои химиявии барои истеҳсоли маводи нашъадор зарурӣ баргузор мегардад. Конфронс бо ташаббуси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо гузаронида мешавад. Дар он коршиносони мамлакатҳои аъзои созмон ширкат меварзанд, ки масъули мубориза ба муқобили маводи нашъадор мебошанд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ Рустам Назаров ширкат меварзад. Иштирокчиёни конфронс проблемаҳои гуногуни марбут ба истеҳсол ва паҳн гардидани маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистон, хариду фурӯши маводи нашъадори маснӯъ дар баъзе мамлакатҳои Аврупо ва содироти онҳоро баррасӣ менамоянд. Ҳадафи конфронс дастгирии давлатҳои аъзои САҲА дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо, вусъати робита ва ҳамкорӣ бо мақомоти муҳофизи қонун ва марзбон, инчунин омӯхтани имкониятҳои дастгирии ҳамкории байналхалқию минтақавӣ дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор мебошад. Директори Агенти назорати маводи нашъадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Назаров зимни мусофират дар Вена рӯзҳои 6 – 7 июл бо намояндагони мамлакатҳои сарпарасти Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳад. Зимни ин мулоқотҳо барномаҳои зидди маводи нашъадор ва маблағгузории минбаъда барои таъмини фаъолияти Агентӣ муҳокима карда мешаванд.