МУЛОҚОТИ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТИ ИМА БО ХАБАРНИГОРОН

Июль 16, 2010 12:42

Душанбе, 16  июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода  Ҷонмардова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  15  июл  бо мушовири  Президенти  ИМА  дар  масъалаҳои  амнияти  миллӣ Майкл  Макфол мулоқот  кард. М.Макфол  баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Тоҷикистон   зимни  сӯҳбати  мухтасар   бо  намояндагони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  зикр  намуд, ки    ҳамроҳи  Президент  проблемаҳо  ва  масъалаҳои   марбут  ба  таҳдидҳо ва  зуҳуроти  номатлуби   замони  ҳозира  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд. Қайд  карда шуд, ки  Ҳукумати  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  ИМА ба  тақвияти  мубориза ба  муқобили  зуҳуроти  мазкур   аҳамияти  калон  медиҳанд  ва дар  ин  бобат  самарабахш  ҳамкорӣ  мекунанд. Инчунин   зимни  мулоқот  бо Президент  масъалаҳои  густариш  додани  ҳамкории  гуногунсоҳаи  Тоҷикистону  ИМА  муҳокима  шуданд. Мусоҳибон ба  вазъияти  имрӯзаи  Афғонистон  дахл  карда,  изҳор  намуданд, ки  ба   мӯътадил  гардонидани  вазъияти  сиёсию  ҳарбии  ин  мамлакат  манфиатдоранд. Зимни  мулоқот   масъалаҳои  дигари   марбут ба  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  энергетика,  алоқа ва  нақлиёт низ мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд,  гуфт М.Макфол.

Июль 16, 2010 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад