МУСОФИРКАШОНӢ БА МИҚДОРИ 50,2 ҲАЗОР КАМ ШУД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 ба 284,9 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,6 ҳазор кам аст. Сабаби асосии камшавии мусофиркашониро дар шӯъбаи мусофиркашонии корхонаи мазкур, дар самти Душанбе – Москва вобаста ба беҳтар шудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд медонанд. Мусофиркашонии транзитӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 50,4 ҳазор мусофир кам шуд, ки сабаби он дар қатъ шудани ҳаракати қатораҳои мусофирбари «Бухоро -Андиҷон» ва «Тошканд — Андиҷон» аз ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Алҳол ба самти Федератсияи Русия қатораҳои мусофирбари «Душанбе — Москва» ҳафтае се маротиба, «Кӯлоб — Москва» ду маротиба ва «Хуҷанд – Саратов» низ ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шудааст. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, ҳаракати қатораҳо дар самтҳои «Душанбе — Конибодом», «Қӯрғонтеппа — Кӯлоб» ҳафтае як маротиба ва дар роҳи оҳани «Душанбе — Пахтаобод» ҳар рӯз ҳаракат мекунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






