МУТАХАССИСОН БА ЁРИИ ДЕҲҚОНОН РАФТАНД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани «Ҳосил — 2010» ва бо сифати баланд гузаронидани кишти такрории зироатҳо бо дастури вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовинони вазири кишоварзӣ, мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, роҳбарони зерсохторҳои вазорат барои кӯмаки амалию методӣ дар ҷамъоварии ҳосили ғалладона ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Гурӯҳи корӣ зимни сафари хизматӣ рафти ҷамъоварии ғалла, кишти такрорӣ ва таъмини тухми зироатҳоро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) омӯхта ба онҳо кӯмакхои методӣ мерасонад. Вазифаи имрӯзаи кишоварзон беталаф ҷамъоварӣ намудани ғалладона аз масоҳати 298 ҳазору 685 гектар мебошад. То 5 –уми июл майдони 106 ҳазору 373 гектар, ки 35,6 фоизи умумии киштро ташкил медиҳад, ҷамъоварӣ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






