НОМГӮИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ МЕАФЗОЯД
Рашт, 14 июл. ( АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). — Дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт аз ҷониби сокини ҷамоат Мирзошо Акобиров 20 сол қабл осорхонаи шахсӣ ташкил карда шуда буд , ки дар он 26 номгӯй экспонатҳои гуногун мавҷуд аст. Мудири осорхонаи М.Акобиров аз паи кор шуда, то ин дам дар осорхонаи таърихии худ беш аз 260-270 номгӯй экспонатҳои гуногуни таърихӣ- кишваршиносӣ ҷамъ овардааст . Ин ёдгориҳои дарёфтшуда, ки аҳамияти таърихӣ доранд ва даврони гузаштаи моро бозгӯ менамоянд , ба тамошо гузошта шудаанд. Осорхонаи шахсии Мирзошо ягона осорхонаест дар ноҳия ва мо аҳли сокинони ҷамоат ба наздикӣ 20 солагии ташкил шудани осрхонаро дар ҷамоати деҳот бо сарбаландӣ қайд менамоем –иброз дошт раиси ҷамоати деҳот Абдураззоқ Саломов. Осорхонаи М. Акобиров ҳамеша кушода буда, аз тамошои экспонатҳои мавҷудаи он садҳо мактаббачагону роҳгузарон баҳра бурда, ба ӯ аҳсан мегӯянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






