ОЛИМОВ ВА КОМИЛОВ БА БРАЗИЛИЯ МЕРАВАНД
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз 25 июл то 3 августи соли 2010 дар пойтахти Бразилия шаҳри Бразилиа Иҷлосияи 34-уми Кумитаи байналмилалии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор мегардад. Дар иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мурод Комилов намояндагӣ менамоянд. Дар назар аст, ки дар иҷлосия масъалаи ворид кардани ёдгории таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саразм ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ баррасӣ мегардад. Дар ин сол 35 кишвари ҷаҳон дар мавриди ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ дохил кардани ёдгориҳои фарҳангии худ ба Кумитаи байналмилалии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кардаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






