ОМОДАГӢ БА ЯРМАРКА-НАМОИШИ «АГРО-ЭКСПО ХУҶАНД-2010»
Суғд, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Гурӯҳи кории ташкил ва гузаронидани ярмарка-намоиши «Агро-Экспо Хуҷанд-2010» дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, масъалаҳои рӯзҳои баргузории нахустин ярмарка- намоиши кишоварзии «Агро-Экспо Хуҷанд-2010», иштироки меҳмонон аз хориҷи кишвар ва маблағгузории ярмаркаро муҳокима намуданд. Ярмарка — намоиши кишоварзии «Агро-Экспо Хуҷанд-2010» 27, 28 ва 29-уми августи соли равон дар комплекси фароғатию истироҳатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта мешавад. Маблағгузории ярмарка-намоиши кишоварзиро ташкилоти байналхалқии ЮСАИД ба ӯҳда дошта, дигар муассисаю ташкилотҳои байналхалқию хизматрасон, аз қабили АСТЕД, Тсеll гузаронидани семинару тренингҳо ва барномаи ҷолиби фароғатиро ба зимма гирифтаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






