ОЁ БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ АНДОЗРО ПУРРА МЕСУПОРАНД?

Июль 19, 2010 14:41

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). —  Дар шароити  иқтисодиёти бозоргонӣ  фаъолияти дурусти соҳибкории хурди миёна, аз ҷумла  бозорҳо  дар пешрафту    тараққиёти иқтисодиёти давлат ва ғанӣ  гардидани буҷет  нақши муҳимро мебозад.  Бо мақсади дар сатҳи  зарурӣ ва самаранок  ба роҳ мондани  ҳамкорӣ,  роҳбарияти Кумитаи  андоз бо  масъулини  бозорҳои пойтахт  ва нозирони  минтақавии  назорати андози  ноҳияҳои шаҳри  Душанбе вохӯрӣ  доир  намуд.  Дар вохӯрӣ  нишондиҳандаи  бозорҳои пойтахт дар қиёс бо соли гузашта мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷумла зикр шуд, ки  таҳлили вазъи андозбандии бозорҳои пойтахти  кишвар аз он гувоҳӣ  медиҳад, ки  на ҳамаи субъектҳои  хоҷагидор шаффоф   фаъолият менамоянд ва ӯҳдадориҳои  андозии худро  пурра ба иҷро мерасонанд.   Пас аз таҳлилҳои  ҳамаҷониба муайян гардид, ки  нишондиҳандаҳои пасттарин  дар бозорҳои «Сафариён», «Зарафшон», «Шоҳмансур», «Дӯстӣ», «Варзоб»,  «Хонасоз», «Маршал», «Маҳаллаи 102», «Авиатор», «Ломоносов», «Тараққиёт», « Маяковский» ва «Ҷал-Ҷам» дида мешавад, ки  вазни қиёсии андозҳо  нисбат ба даромади  умумӣ ҳамагӣ  аз 2 то 6  фоизро ташкил медиҳад.   Чунин нишондод дар   вазни қиёсии  андозҳо худ гувоҳи ҷой доштани  қонуншиканиҳои андоз  дар ин субъектҳои  хоҷагидор мебошад. Дар ҷамъомад ҳамчунин   зикр гардид, ки  асоси  даромади  бозорҳо аз ҳисоби   иҷора мебошад , вале  бо сабаби он ки  имрӯзҳо   дар бештари  бозорҳо сохтмони  биноҳои нуқтаҳои  фурӯш ва мағозаҳо  аз ҳисоби худи  соҳибкорон  сурат мегирад, аз ҷониби   роҳбарияти бозор  ба онҳо то як  мӯҳлати муайян  сабукӣ дода мешавад.  Аммо дар асл бошад  бинои сохташуда   арзиш дорад ва  бояд мавриди  андозбандӣ  қарор дода шавад.    Ҳамин омил низ  яке аз  роҳхои  пинҳонкунии  андоз аз ҷониби  маъмурияти  бозорҳо гардидааст.  Дар як қатор  бозорҳои пойтахт  аз қабили «Корвон», «Деҳқон», «Саховат», «Панҷшер», «Ганҷина», «Сафариён» ва «Шоҳмансур» тартиби дурусти  баҳисобгирии    воқеии даромад аз  ҳисоби иҷораи  нуқтаҳои савдо, маблағҳои чекҳои  ба фурӯшандагон  додашуда ва дигар  амалиёти  андозбандишаванда, инчунин ҳисоб ва  пардохти пурраи  андозҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошад.  Масъулини баъзе  бозорҳои шаҳри  Душанбе  маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯшро ночиз нишон дода,  даромади хешро   ба нозироти  андоз кам пешниҳод мекунанд, ки ин амали онҳо   боиси  пинҳонкунии андозҳо ва дигар пардохтҳои  ҳатмии ҷорӣ мегардад. Баъзе  мутасаддиёни  бозорҳо бошанд  сабаби паст пешниҳод  намудани  нишондодҳои  даромадашонро  ба ҷойҳои  холӣ ва бекорхобидаи  нуқтаҳои фурӯш   маънидод менамоянд.  Бинобар ин  дар  сурати боз ҳам беҳтару хубтар  ба роҳ мондани  робитаи миёни  соҳибкорону кормандони   мақомоти андоз  имкон аст камбудиву  нофаҳмиҳои ҷойдошта  бартараф карда шаванд  ва дар ин  замина андозҳои ҷорӣ   саривақт  ҷамъоварӣ  гарданд.

Июль 19, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд