ПАРВОЗИ ХАВОПАЙМОҲОИ «ТОҶИК ЭЙР» БАРҚАРОР ШУД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). — Тавре пештар хабар дода будем, бинобар сабаби сари вақт напардохтани қарзи мавҷуда ҶСК "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ " ҳавопаймоҳои КВД "Тоҷик эйр"-ро бо сӯзишворӣ пур накард ва парвози мусофироне, ки ба самти Санкт Петербург, Москва, Хуҷанд, Бишкек парвоз мекарданд, дар таърихи 07.07.10 ба таъхир афтод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Махмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, Пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, яъне Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо ҶСК "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" масъалаи мазкур ҳалли худро ёфт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






