ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ
Ҳамадонӣ, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо максади пешгирии чинояту чинояткорӣ, хурӯчи беморихои сирояти ва риояи тартиботи чамъияти дар нохияи Хамадонии вилояти Хатлон бо дастгирии макомоти ичроияи хокимияти давлати тадбирхои мушаххас амалӣ карда мешавад. Дар чамоати дехоти шахраки нохия бо иштироки кормандони макомоти хифзи хукук, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини бахши кор бо занон ва оилаи макомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия як хамоши пурмӯҳтаво баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони мактабҳои ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Зимни суханронии кормандони ҳифзи тартибот ва масъулини соҳаи тандурустӣ таъкид шуд, ки сол аз сол шумораи ҷинояткорӣ дар миёни ноболигон кам мегардад. Коршиносон бар он назаранд, ки агар дар муҳити оила ва муассисаи таълими ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зохир карда шавад, умед аст, ки ин масъала рохи халли хешро ба пурраги пайдо хохад кард. Бояд кайд намуд, ки дар заминаи ташкил намудани чунин махфилу чорабинихо, ки мувофики накша сари хар чанд муддат дар нохия доир карда мешаванд, чавонон оид ба пешгирии ходисахои номатлуб маълумоти мушаххас пайдо мекунанд, ки ин омилҳо ба камолоти маънавӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар ҷомеа мусоидат менамоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






