ПЕШНИҲОДИ НАҚШАҲОИ НАВИ СОХТМОНӢ

Июль 19, 2010 17:08

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). — Дар моҳҳои январ-июни соли 2010 дар масоҳати умумии 261 ҳазору  157 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Айни замон 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда фаъолият доранд, чунин зикр кард дар нишасти матбуотӣ муовини аввали директорӣ Агентии сохтмон ва меъмории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳусайн Султонов. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки нақшаи генералии маркази ноҳияи Тоҷикобод тасдиқ шудааст. Инчунин, таҳияи нақшаи генералии маркази Хуҷанд ва шаҳри Хоруғ ба анҷом расида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шудааст. Нақшаи генералии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Қурғонтеппа, нақшаҳои муфассали маҳалии шаҳрҳои Турсунзода ва Данғара мавриди таҳия қарор дошта, дар мӯҳлатҳои мақарраргардида омода карда мешаванд. Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи кории Агентии сохтмон ва меъморӣ таҳия шуда, айни ҳол дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.              

Июль 19, 2010 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд