ШӮҲРАТИ ФАКУЛТАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ДТТ

Июль 16, 2010 16:00

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина) – «Дар соли нави хониш раёсати факултаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ният доранд, ки 1935 нафарро ба курси аввал ва 70 нафари дигарро барои гирифтани ихтисоси дуюм, ки дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, қабул намоянд» — гуфт 14 июл дар нишасти матбуотии ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ ректори ДТТ ба номи академик М. Осимӣ Анвар Абдурасулов. Тибқи иттилои декани факултаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва котиби комиссияи қабул Сироҷиддин Набиев, айни замон қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯи 12 самт ва 54 ихтисос идома дорад. То санаи 13 июл зиёда аз 600 ҳуҷҷати довталабон қабул карда шудааст, ки бештари он ба факултаи энергетикӣ супорида шудааст. Баъдан факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» ва «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ  серталабанд. Баръакс ба факултаи «Технологияҳои кимиёвӣ ва металлургия» хеле кам ҳуҷҷат супоридаанд. Ба ин факулта ҳамагӣ 20 ариза ворид шудааст, новобаста аз он ки дар ҷумҳурӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ, чун «Тоҷикхимпром», «ТАЛКО» ва дигар корхонаҳо фаъолият дошта, ба мутахассисони баландихтисос ниёз доранд. Дар нишаст зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ба Созишномаҳои байнидавлатӣ ва байни макотиби олӣ дар ДТТ ҳамчунин қабули довталабон барои дохил шудан ба як қатор макотиби олии Руссия: Академияи техникии Воронеж, Донишгоҳи Федеролии Сибир, Донишгоҳи давлатии Астрахан, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи политехникии Харков ба роҳ монда мешавад.  

Июль 16, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад