СУДҲО 17255 ПАРВАНДАИ ГРАЖДАНИРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Июль 13, 2010 11:00

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд. Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2010  ба намояндагони ВАО- и ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дода, иброз дошт, ки Шӯрои адлия баҳри таъмини мустақилияти судяҳо, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, таъмини шароити моддию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳои коромӯз ва кормандони судҳо, таъмини судҳо бо бино, кодексу адабиётҳои ҳуқуқӣ, бо иштироки судяҳои  судҳои ҷумҳурӣ 16 ҷаласаи васеъ ва ҷамъомадҳои махсус гузаронида, дар ин ҷамъомадҳо масоили мухталифи самтҳои гуногуни фаъолияти судиро мавриди муҳокима қарор додааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли 2010 ба судҳои ҷумҳурӣ 17 ҳазору 255 адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардида, нисбати 8979  парвандаҳо ҳалномаи судӣ бароварда шудааст. Ба истеҳсолоти судӣ дар ин муддат ҳамчунин 4031 парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида,  нисбат ба 2864 адади он ҳукм бароварда шудааст. Ба судҳои иқтисодӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 1130 аризаҳои даъвогӣ ворид гардида,  нисбат ба 549 адади он ҳалномаҳои судӣ бароварда шудааст. Дар маҷмӯъ,  судҳои ҷумҳурӣ дар давоми нимсолаи якум 42 ҳазору 674 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва  пешниҳодҳои мақомоти иҷрои ҷазоро баррасӣ намудаанд. Сипас хабарнигорон дар муҳокимаи масъалаҳои баррасигардида фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 

Июль 13, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад