СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ИҶРО МЕШАВАНД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Мурғоб, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ба роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо дод. Ҷараёни иҷрои онҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Аз ҷумла ба Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», шӯъбаҳои молия, ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ дар ноҳияи Рошқалъа андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба афзоиш додани ҳаҷм ва шумораи маблағи қарзҳои бонкӣ тадбирҳо андешанд. Ҳамчунин, мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурӣ таъмини мактабҳои ноҳияи Роштқалъа бо 100 адад мизу курсӣ дар соли хониши 2010-2011 ва барои ду мактаби навсохти ноҳияи Рошқалъа, аз ҷумла мактаби деҳаи Сумҷев барои 150 ҷойи нишаст бо лавозимоти хониш, аз қабили мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ, компютер ва дигар ашёи зарурӣ ба Вазорати маориф, шӯъбаи илм ва дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ супориш дода шуд. Тибқи супориши Президент Дастгоҳи иҷроияи Президент бояд 4 адад нақлиёти мусофирбар ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо намояд ва ҳамчунин вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои андешидани чораҳои зарурӣ доир ба азнавсозии Хонаи маданияти ноҳияи Роштқалъа тадбирҳо меандешанд. Мунтазам андешидани тадбирҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии заминҳои обӣ, маҳсулнокии чорво ва афзун гардонидани саршумори он, вусъат додани соҳаи чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ, бунёди коргоҳҳои хурди коркарди меваю сабзавот, инкишофи занбуриасалпарварӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ба Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об супоришҳои махсус дода шудааст. Ҳамчунин Президенти мамлакат бо назардошти эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии ноҳияи Роштқалъа, таъмин кардани онҳо бо таҷҳизоту доруворӣ ба вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ супориш дод.