ТАЙЁРИИ ИНШООТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ БА ЗИМИСТОН
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-29-июли соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар вилояти Хатлон бо фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои барқи обӣ дар маҷрои дарёи Вахш ва ҳолати омодагии онҳо барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 шинос шуд. Оқил Оқилов ва ҳайати ҳамроҳонаш дар аввал бо фаъолияти имрӯзаи НБО-Сангтӯда -1 ошноӣ пайдо карда, доир ба беҳдошти кори ин иншооти гидроэнергетикӣ ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод. Аз ҷумла вазифа гузошта шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат таъмири ҷории агрегатҳо анҷом дода шуда, барои бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият кардани нерӯгоҳ тадбирҳои аввалиндараҷа андешида шавад. Зимни боздид аз нерӯгоҳ ҳамзамон ба масъалаи ҳалли мушкилоти мавҷуда,нигоҳдошти сатҳ ва захираи зарурии об барои фаъолияти мунтазам,таъмини бехатарии нерӯгоҳ, дастгирии мутахассисони соҳа ва пардохти музди маоши кормандон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Дар идомаи сафар Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо фаъолият ва шароити кории нерӯгоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Шаршара» ва «Марказӣ» аз наздик ошно шуд. Нерӯгоҳҳои мазкур дар айни замон бо иқтидорҳои наздик ба лоиҳавӣ фаъолият карда , дар таъмини хоҷагии халқи мамлакат бо нерӯи барқ нақши муассир мегузоранд. Оқил Оқилов барои таъмини бехатарии фаъолияти нерӯгоҳҳои мазкур ,таъмини саривақтии агрегатҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ,истифодаи технологияи замонавӣ дар ҷараёни кор, таъмини шароити иҷтимоии кормандон ва махсусан тайёрии ҳамаҷонибаи иншооти гидроэнергетикӣ барои дар сатҳи баланд ва зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.