ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ВАЗИФАИ АСОСИИ КВДҲ «ТОҶИК ЭЙР»
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» дар шашмоҳаи соли 2010 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, хатсайри нави Душанбе-Бориспол-Душанбе ифтитоҳ шуда, парвозҳо дар ин самт идома дорад. Ширкати ҳавопаймоии мазкур ният дорад, ки ба шаҳри Симферополи Украина парвозҳоро ба роҳ монад. Ҳамчунин моҳи майи соли ҷорӣ байни мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти ҳусни тафоҳум ва Созишнома оид ба равобити ҳавоӣ ба тасвиб расиданд, ки дар асоси санадҳои мазкур ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои парвоз ба шаҳрҳои Ҷидда, Ар-Риёд ва Даммам иҷоза гирифт. То охири соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки хатсайрҳои навро ба кишварҳои Белоруссия, Ҳиндустону Покистон ва Мисри Араб ба роҳ монад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






